Сухани табрикотии раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

  Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Конститутсия дар айёме қабул шуд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳануз хомӯш нагашта, зиддият ва муқовимати неруҳои мухолифин фуру нанишаста буд ва сохторхои сиёсиву низомии кишвар дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия ҷанги шахрвандӣ ба фарҷом расида, дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гашт. Ин мисол бори дигар аз талошҳои хастанопазири Сарвари давлати ҷавони тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарор намудани низоми конститутсионӣ дар кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои сокинони он арзёбӣ мешавад.

Қабули Конститутсияи давлати мустақили Тољикистон ва минбаъда ба он ворид кардани тағйиру иловаҳо ин марҳалае буд, ки асосхои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷиконро ба расмият дароварда, аз ҷониби мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун конститутсияи давлати мустақили демократӣ эътироф шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он ҳамчун Қонуни асосии кишвар пеш аз ҳама, яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ буда ба ҳайси манбаъ ё худ сарчашмаи ҳуқуқи давлатӣ хидмат мекунад. Натиҷаҳои рушди ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии он, муносибатҳои ҳамкорӣ ва ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардааст.

Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту массисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.

Ҳамаи арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро ташкил мекунанд ва дар тамоми ин муддат аз ҷониби мақомоти давлатии кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҷузъиёти беҳтарини афкори демократиро ба инобат гирифта, ба инкишофи демократия, махсусан дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷиддӣ бахшидааст.

Аз рӯзи қабули санади муҳими таърихӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гашт. Тайи ин солҳо рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ таҳкиму такмил ёфта, барои мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар ва рушди иқтисодию иҷтимоии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Конститутсияи нави Тоҷикистон муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро ба куллӣ тағйир дода, арзишҳои умумибашариро ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ояндадор эътироф гардидааст.

Бо саъю кушиш ва талошу ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳодҳои давлати Тоҷикистон қариб дар ҳамаи масъалаҳои байналмилалӣ қабул гардида, мақоми созанда ва нақши шоистаи он дар ҷаҳони муосир мунтазам меафзояд.

Маҳз хамин арзишҳои бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки халқи тоҷик баъди ҳазор сол давлати мустақилу соҳибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ давлати ҷавони мо ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ нигоҳ накарда, дар пешрафти босуръати сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба муваффақиятҳои калон ноил гашта, дар ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ва боварибахш гузошт. Конститутсияи мо манфиатҳои олии миллат, анъанаҳои пурғановати таърихию фарҳангии халқамонро таҷассум намуда, дастовардҳо ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намуд.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садсолаҳо роҳнамои халқи мо ба суи ҷомеъаи озоду пешрафта ва мутамаддин бошад то, ки давлати мо дар қатори дигар давлатҳои тараққикардаи дунё мақому мартабаи арзандаи худро дошта бошад.