СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БА ИФТИХОРИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасии адолат бо кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳиявӣ дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз 12 апрели соли 2024, баррасии Паёми Пешвои миллат ва мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст. Дар ин радиф дар таърихи 7 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бо аҳли фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯрии судманд анҷом дода шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон ҒАНИЗОДА ФАРРУХ МУҲАММАДӢ, муовини прокурори ноҳия Самизода Фурқат, намояндаи ШВКД дар ноҳия Раҳматуллоев Ҷаъфар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ва намояндагони шуъбаҳои занон ва оила, ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст раиси ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав Тағоев Шералӣ маҷлисро оғоз бахшида меҳмононро ба аҳли толор муаррифи намуданд. Сипас муовини якуми раиси суди ноҳия ҒАНИЗОДА ФАРРУХ МУҲАММАДӢ суханрони намуда, иброз доштанд, ки моро зарур аст дар байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳиро бештар намуда, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорем. Инчунин вобаста ба масъалаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, бекор кардани ақди никоҳ, қонунҳои миллӣ аз қабили қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон муовини прокурори ноҳия Самизода Фурқат андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки тероризм ва экстремизм хатар ба ҷомеаи ҷаҳон дошта моро лозим аст, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ кушиш ба харҷ диҳем. Намоянди ШВКД дар ноҳия Раҳматуллоев Ҷаъфар андешарони намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як фарди худогоҳи кишвар имрӯз бояд дарк намояд, ки амният, ороми ва сулҳу суботи ватани азизамон бо заҳматҳои шабонарузии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем ва нагузорем, ки ягон бадхоҳи миллати мо аз берун истода ба оромии мо халал ворид созад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ба сухан баромада сараввал вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи тоҷик ҳам қарз ҳам шарафи бузург аст. Ҳамзамон дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда, баён доштанд, имрӯз бояд ҷавони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд. Инчунин қайд карда шуд, ки саркаши намудан аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ ин ҳам аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии бархе аз ҷавонон шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ҷори шудани фарҳанги миллии бегона дар байни аҳоли таъкид доштанд, ки мо бояд тарғибгари фарҳанги миллии хеш бошем. Дар фарҷоми вохӯри аз ҷониби аҳли толор ба меҳмонон саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.