Соли маърифати ҳуқуқӣ- соли волоияти қонун хоҳад шуд
«Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд.Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад»
(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи маънавӣ, ҳуқуқии шаҳрвандон имконот ва давраи санҷиши ҷиддӣ фароҳам овард. Пешвои миллат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҷмӯи ҳуқуқҳои озодии имону виҷдон, интихоби кардану интихоб шудан, ширкат дар маърифати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳақ ба ҳаёти солиму роҳати пиронсолӣ ва боз даҳҳо ҳаққу ҳуқуқи зиндагии шоистаро таъмин намуд. Боиси ифтихор аст,ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз 6 иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат,ки ҳамзамон ҳуқуқи инсонро ба истифода аз сарватҳои моддӣ, ҳифзи фазои зисту муҳити атроф, дастрасии озод ба сарватҳои табии олам таъмин менмоянд, чун низомномаи фаъолият истифода менамояд.
Ҳуқуқе, ки имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷкистон доранд ва бо қонунҳои чун ҷавшани оҳанин ҳифз мешаванд, дар ақсои олам нест.Ва набояд сарфи назар кард,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ва татбиқи ин қонунҳо таҳкурсӣ ва пойгоҳои воқеии амалӣ тарҳрезӣ намудааст.Табиист, ки дар ин раванд дар баробари шумораи ҳуқуқҳо уҳдадориҳо ва зарфияти масуълият низ зиёд мегардад.Ба мисолҳои дақиқ ин иддаоро тақвият мебахшам. Танҳо дар як ноҳияи Ёвон имрӯз дар баробари сохторҳои қудратӣ маърифати ҳуқуқӣ аз мизи мактаб то синфхонаи донишҷуӣ, сатҳи маҳалла, деҳа ва шурои деҳа таълиму тадрис мешавад. Ва ҳамаи ин омӯзиш ва таълим бо айёнияти пурмуҳтаво шавқу завқи наврас, ҷавонону мардуми солхурдаро ба зиндагии созанда афзун мекунад. Насли наврас ҳуқуқи ба илму ирфон ва шуғли дустдошта таввасути барномаҳои таълимӣ ёд гирифта дар донишгоҳу донишкадаҳо асосҳои давлат ва ҳуқуқро амиқ ёд мегирад. Имрӯз кӯдаки дабистон низ аз ҳуқуқи омӯзиши таърих, давлатдорӣ, рамзу нишонҳои давлатӣ, қаҳрмонони Тоҷкистон комилан огоҳ буда, аз ин муқаддасот чун майҳанпарасти асил ифтихор дорад.
Пешвои миллат оқилона ва ҳам мантиқан соли маърифати ҳуқуқиро пас аз сесолаи инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот, саноатикунонии бо суръат ба тақвими зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ шомил намуд. Зеро пас аз таҳияи кулии шароити моддӣ ва зиндагии аз нигоҳи моддӣ иҷтимоӣ таъмин ба маърифати ҳуқуқӣ заминаи қавӣ муҳайё мешавад.
Аз таҷрибаи фаъолияти суди ноҳияи Ёвон низ далалеҳо ва омори хушбину далолаткунандаи рушди маънавиёт, пешгирии қоншиканиҳо, мубориза бо зуҳуроти манфии тундгароӣ овардан мумкин аст. Ноҳияи Ёвон имрӯз яке аз марказҳои азими саноатӣ ва парки технологии кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин ру кормандони суди ноҳияи Ёвон бо сарварии раиси суди ноҳия муҳтарам Абдулозода Ҷамолиддин дар корхонаҳои саноатӣ мунтазам суҳбату тадбирҳои маърифатӣ ҳуқуқиро доир мекунанд. Ҳар қадар алифбои ҳуқуқ соддаву фаҳмо бошад ҳамон қадар мардум аз ҳуқуқҳои хеш босамар истифода мекунад. Боз он чиз ҷолиб аст,ки шаҳрвандон ба хубӣ дарк мекунанд,ки надонистани қонун ҷавобгарӣ аз қонунро истисно намекунад.
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алабатта тақвимӣ нест. Имрӯз шабакаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон ҳуқуқи инсонро аз гаҳвора то ҳаёти пиронсолӣ фаро гирифта, барои камолоти касбӣ маърифатӣ маънавии инсон фазои озоди баҳрабардорӣ муҳим намудааст. Соли 1992 ҳеҷ кас ба чунин зиндагии шоиста ва иникшофи муъҷизавӣ умедвор набуд. Ҳамзамон Сарвари давлат фарҳанг, маърифат ва тамаддуни ниёгонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бо иқдоми Пешвои миллат танҳо дар соли 2023 15 намуд ёдгориҳои таърихию маъанавии мо шомили мероси тиллоии ЮНЕСКО гардиданд.Ин ҳуқуқи байналмилалии моро тибқи меъёрҳо ва санадҳи ҷаҳонӣ ба истифодаи васеъ аз сарватҳои моддии дунё таъмин менамояд.
Да ин раванд чанд пешниҳодро ба хонандагон арз медорам.Аввалан ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқиро аз оила, муҳити зист оғоз кунад.Зеро имрӯз оила чун сохтори кӯчаки ҷомеа муҳҳарики раванди созанадагӣ ва бунёдкорӣ аст. Ба фаъолити созмонҳо, ширкатҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои кашоварзӣ мактабу муассисаҳои таълимӣ дар баробари натиҷаҳои истеҳсолӣ ва касбӣ фаъолияти тарғибот ва рушди маърифати ҳуқуқӣ чун ченаки фаъолият ба инобат гирифта шавад. Зеро шоиста нест,ки корхона нақшаи истеҳсолотро 120 фоиз иҷро кунаду аз уҳдаи 5 нафар қонуншикан наброяд, набояд ин корхонаи намунавӣ бошад. Саввум ҳар як мутахассис, корманди масъули мақомотҳои қудратӣ бояд муҳит, нуқтаи муассиса сарпарасти ҳуқуқӣ дошта бошад.Тафовут нест,ки корманд дар кадом зинаву сатҳ фаъолият дорад. Ман масалан ба ҳайси сардори шуъбаи умумӣ матаби рақами 4 шаҳрро ба зимма гирифта ҳафтае дар он машғулитҳои ҳуқуқӣ доир мекунам. Чорум қатъиян муқобили озодии насли наврас дар шабакаҳои иҷитимоӣ ҳастам. Бояд мисли фурӯхтани машрубот барои ноболиғон дастрасӣ ба шабкаҳои иҷтимоии ноболиғон манъ швад. Барои насли наврас то синни 18 солагӣ истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мумкин нест. Ва ниҳоят аз идораву вазоратҳои масъул тақозо дорем,ки нашри китобу маҷаллаҳои ҳуқуқӣ бештар шавад.Хеле хуб аст,ки рӯзномаи «Хатлон» барои мо минбари итилоотии ҳуқуқии дастрас гардидааст.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳуқуқи мо ҷавононро ба бедории ғурури миллӣ ва ифтихор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ руҳбаланд менамояд. Дар урфият мегуянд: «Ҳар қадар ишкели қонун қавӣ бошад, ҳамон қадар нафаси озодӣ бароҳаттар мегардад».
Умедҷон Ҳусейнзода
Сардори шуъбаи умумии
суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Бознашр аз рӯзномаи «Хатлон» аз 4.06.2024, №35 (3556)