СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 75, НОҲИЯИ ЁВОН

Дар доираи Амалиёти муштарак  дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон санаи 28 майи соли 2022 дар МТМУ №75-и ноҳияи Ёвон «Соати сиёсӣ» оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар назди хонадагон, омӯзгорон ва падару модарон доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили:

  • Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021;
  • содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ноболиғон, алалхусус аз ҷониби хонандагони МТМУ;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753;
  • бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон;
  • вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ;
  • ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо;
  • пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта;
  • пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;
  • Пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;
  • вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
  • риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.