ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ. АЗ ТАБЛИҒОТИ ФИТНАҶӮЁНА ПАРҲЕЗ БОЯД КАРД

Дар ибтидои асри ХХI инсоният ба хатарҳои хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ду зуҳуроти номатлуб кайҳо боз хислати ҷаҳонӣ касб намуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон хатари он идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидааст.

Тибқи гузоришҳои мавҷуда зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалиёти харобкоронаи террористӣ қарор гирифта, бар асари он ҳазорҳо нафар аҳолии осоишта қурбон шудаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Ба андешаи коршиносон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав ин истифода аз технологияи муосир, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонда, барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.

Таъкиди Пешвои миллат моро уҳдадор менамояд, ки дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона амал намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Баъзе ҷавонон ба чунин созмону ташкилотҳо аз рӯи нодонӣ ҳамроҳ мегарданд. Ҳатто баъзеи онҳо намедонанд, ки оянда онҳоро чӣ интизор аст ва замоне пушаймон мешаванд, ки аллакай ба дом афтодаанд. Бо вуҷуди ин қонунгузории кишвари мо барои афроди фирефташуда ва аз кирдори худ пушаймонгашта имкони баргаштан ба зиндагии муқаррариро додааст. Чунончи, дар эзоҳи моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои судманд андешида шудааст. Бахусус, барои пешгирии терроризм як қатор санадҳои байналмилалӣ қабул шуда, амал менамоянд.

Дар шароити кунунӣ ҳар як шаҳр-ванди ватандӯсту миллатдӯст, хусусан ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд муваззафанд, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки бо терроризм шабоҳат доранд ва тундгароиро таблиғ мекунанд, парҳез намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафари дигар мегарданд.

 

Муҳаммад ҲУКУМАТЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Ёвон