САФАРИ КОРИИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД ВА БОЗДИДИ СУДҲОИ МИНТАҚА

САФАРИ КОРИИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД ВА БОЗДИДИ СУДҲОИ МИНТАҚА

Бо мақсади таҳкими адолати судӣ, шиносоӣ бо фаъолияти амалии судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва баррасии масоили ҷорӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. сафари корӣ ба вилояти Суғд анҷом дод.

Сафари мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои қонуният ва адолати судӣ дар яке аз вилоятҳои муҳими кишвар нигаронида шудааст.

aiease_1750654807846.jpgaiease_1750654669540.jpgaiease_1750654649661.jpg

Дар доираи ин сафар Раиси Суди Олӣ аз чандин судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла, суди вилояти Суғд, судҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва як қатор дигар судҳои шаҳру ноҳияҳо боздид намуда, аз раванди сохтмон ва азнавсозии чандин иншооти муҳим дидан намуданд.

aiease_1750648185922.jpgИзображение WhatsApp 2025-06-22 в 08.38.44_62bb2783.jpgИзображение WhatsApp 2025-06-21 в 10.01.03_2e9860ce.jpgИзображение WhatsApp 2025-06-21 в 10.01.02_0facbbc0.jpgaiease_1750647685212.jpgaiease_1750647806042.jpgaiease_1750647840445.jpgaiease_1750648078819.jpgaiease_1750658993835.jpg

Бинои суди ноҳияи Спитамен бо ташаббус ва дастгирии раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода таъмир гардид. Пас аз анҷоми таъмир, Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П. бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен — Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зебонисо Абдуллозода ва раиси ноҳия бинои судро аз назар гузарониданд. Айни ҳол бинои суди ноҳияи Деваштич дар ҳолати таъмир қарор дошта, корҳои таъмиру таҷдид тибқи нақшаи тасдиқгардида бо ҷалби мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурӣ идома доранд. Дар ҳамин ҳол, бинои суди шаҳри Истаравшан пурра азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардида, шароити кору фаъолият дар он ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст.

3C5A6250.JPG3C5A6241.JPG3C5A6251.JPG

Раиси Суди Олӣ бо ҳамроҳии раиси суди иқтисодии вилояти Суғд ва муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави судӣ, ки барои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд пешбинӣ гардидааст, аз наздик шинос шуда, бо масъулони корҳои сохтмонӣ мулоқот анҷом доданд ва ба сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.

aiease_1750648154522.jpgaiease_1750648014774.jpg

Бо ҳадафи таҳкими низоми судӣ ва баланд бардоштани сифати кор, Раиси Суд Олӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мулоқоти корӣ анҷом дода, ба масъалаҳои риояи қонунгузории амалкунанда, таҳкими одоби касбии судяҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии корбарӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти судҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ин сафари корӣ боз як марҳалаи муҳими тақвияти низоми судӣ дар сатҳи минтақавӣ буд, ки боиси баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва мустаҳкам гардидани пояҳои адолат дар вилояти Суғд мегардад.

Манбаъ аз самонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон