Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муборак!

Роҳбарияти Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо беҳтарин орзуву ниятҳо судяҳо ва тамоми кормандони  судҳои ҷумҳуриро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ табрику таҳният менамояд.
Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятнок мебошад, ки ба зиммаи мо судяҳо вогузор карда шудааст.
Бобати дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ кардани ин рисолат  сиҳатмандии комил, рӯҳу нерӯи қавӣ, умри бардавом орзу дорем.
Бигзор комёбиҳои беназир дар фаъолияти амалисозии адолати судӣ  ба ҳар як судя ва кормандони суд  насиб гардад.