ПАХШИ МУРОФИАИ СУДӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 11 июни соли 2020, Абдураҳмонов Суҳроб Раҳимқулович, 23.09.1973 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муҷаррад соҳиби 3 нафар фарзанд, мувақатан бекор, қаблан дар асоси ҳукми суди н.Шоҳмансури ш.Душанбе аз 24.09.2002 сол бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, доғи судиаш барҳам хурдааст, ўҳдадори ҳарбӣ нест, бе ҳизб, истиқоматкунандаи МД «Хона- интернати пиронсолон ва маъюбон» дар ноҳияи Ёвон, дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шуд.