Норак макони баргузории машғулияти семинарии судяҳо

Санаи 28 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Норак вохӯрии раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам ва дигар раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо фаъолон, раисони кӯчаву маҳаллаҳо ва имомхатибон баргузор гардид.
Ҳамзамон дар санаи мазкур машғулияти семинарии судяҳои суди вилояти Хатлон, судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон баргузор гардид.Дар машварати семинарии мазкур сараввал: муовини якуми раиси суди ш.Бохтар Муҳиддинзода С. ва раиси суди ш.Кӯлоб Раҳмонзода Ш. дар мавзуи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз 07.08.2020 сол, №1714;
-судяи суди н.Қубодиён Иброҳимзода И. ва судяи суди ш.Кӯлоб дар мавзуи «Баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ»;
-раиси суди н.Дӯстӣ Ҷаъфарзода Л. ва судяи суди н.Балҷувон Ашурзода А. дар мавзуи «Тайёрӣ барои баррасӣ ва тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»;
-раиси суди н.Хуросон Қурбонзода А. ва раиси суди н.Восеъ Шарифзода Б. дар мавзуи «Муҳлатҳои баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ»;
-судяи суди н.Вахш Иброҳимзода Д. ва судяи суди н.Ҳамадонӣ Сафарзода О. дар мавзуи «Баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан дар манзили истиқоматӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд
Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур аз ҷониби роҳбарияти суди вилояти Хатлон сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Дар фарҷом роҳбарияти суди вилояти Хатлон судяҳоро барои саривақт ва дар доираи талаботи қонун баррасӣ намудани парвандаҳо, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, иҷрои саривақтии супоришҳои хаттии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён, худдорӣ намудан аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ва пешгирнамудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда вазифадор намудаанд.
Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, судяҳо ба саволҳои худ посух гирифтанд.