Ноҳияи Панҷ макони баргузории машғулияти семинарии судяҳо

Санаи 13 декабри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. ва   муовини раиси суди вилояти Хатлон Наимзода П.С. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла:

  • Абдуллозода Ҷ.А.-раиси суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқ ба истифодабарии замин мутобиқи моддаи 37 КЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Ғафурзода М.А.-судяи суди шаҳри Левакант дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои ноболиғон (боби 14 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри сили 2002, №6»;
  • Садирзода Р.С.-судяи суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Фарзандхондӣ мутобиқи КО Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Ҳакимиён К.-судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар мавзӯи «Ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, ноболиғон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи м.м 27, 28, 29, 31 ва 32 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Дар ҷамъомади мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ санаи 5 декабри соли 2024 аз қабили, содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо; ҳангоми баррасии парвандаҳо роҳ надодан ба кашолакорӣ ва аз ҳама муҳим ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва ҳамзамон супоришҳои бевоситаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиёнро ба самъи судяҳо расонидаанд.

Иловатан дар чорабинии мазкур роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи декабри соли 2024 гузаронида шуд.

Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, умедвор ҳастем, ки он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.