Нақши Пешвои миллат барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ

“Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пузируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳаё гардид” 

 (Эмомалӣ Раҳмон)

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ва бо  талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Зеро имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз як тараф ҷамъбасти гуфтушунидҳои зиёд ва душвори чандсолаи тоҷикон ва аз тарафи дигар, оғози марҳилаи боз ҳам душвортар буд.  Ваҳдати сухан ва амал исбот мешуд, махсусан ҳали масъалаи манзилии ба Ватан баргаштагон, ки хонаҳояшон сӯхта ва ё ғайриқонунӣ ғасб шуда буданд, хеле душвор буд. Ҳали мушкилотҳои низомӣ низ бағоят вазнин буд. Ҳамчунин таъмини мардум бо озуқаворӣ дар он шароит кори осон набуд. Бо вуҷуди ин, ҳукумат бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ барои обод кардани хонаҳои вайроншуда, бо маводи хӯрока таъмин кардани шаҳрвандони бозгашта, тамоми чораҳоро медид то ки ҳарчи зудтар ин мушкилӣ бартараф гардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки хиради азалии тоҷикон боло гирифт ва сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити муосид фароҳам овард. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва онро барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Албатта ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, чунин тинҷиву амнияте, ки имрӯз дар кишвари мо пойдор аст, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Халқҳову миллатҳои гуногуни дунё дар орзуи ваҳдати миллӣ ҳастанд, аммо дарёфтани ин неъмати гаронбаҳо ниҳоятан душвор аст. Аз ин рӯ, мо ҳамагон, бояд дарк ва ифтихор аз он дошта бошем, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ зиндагӣ дорем ва соҳиби ватан ҳастем. Ин бахт ба ҳар миллат ва халқ муясар намешавад, зеро халқиятҳои зиёде дар олам мавҷуданд, ки аз лиҳози аҳолӣ ба маротиб аз мо зиёданд, вале соҳиби давлати худ нестанд. Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шудааст, ки дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлати мо сол то сол қавитар мегардад. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризояти миллӣ мебошанд, имкониятҳои ободию осудагии кишвари ҷаннатсифати моро бештар фароҳам овардаанд. Солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Аммо, мутаассифона, аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояи давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Раванди ташаккулу инкишофи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ рост омад. Ба иқтисодиёти кишвар дар хаҷми зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА зарар расид, беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони худро аз даст додем, 55 ҳазор кӯдак ятим монд, 25 ҳазор зан бесаробон гашт. Роҳи наҷотро аз ин вартаи  ҳалокат ва гирдоби ноумедҳо маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе  бо исми мубораки Эмомалӣ Рахмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиат ба мардум умедбахшандааш “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям” аз дамидани субҳи оромию осудагӣ башорат дод. Ин муроҷиат пеш аз ҳама барои қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, баҳри барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта маънои ба сари мизи музокирот нишастани роҳбарони неруҳои бо ҳам мухолифро дошт.

     Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистони азизамон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст:

— дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини роҳбари давлати тоҷикон — Пешвои миллат аз минбари ин созмони бонуфуз;

-ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти кониститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ;

-қабул гардидани бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ дар соли 1996;

-оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат, дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эътироф гардида дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар;

-муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ аз қабили баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо;

 -эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;

-ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз қабили мушкилоти об ва ҳифзи пиряхҳо;

-ба Феҳристи меросии фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихӣ, хӯрокҳои миллӣ, санъат, либос ва иди миллии тоҷикон;

 -ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас гардидани китоби “Тоҷикон” — и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ,

-ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳҳои оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард ва ғайраҳо.

Ҳамин тариқ, нақши Пешвои миллат барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ чи дар ҳаёти иҷтимоӣ ва чӣ сиёсии Тоҷикистон бениҳоят назаррас буда, метавонем онро ҳамчун сабаби рушд ёфтани соҳаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳисоб намоем. Ҳамин аст, ки мардуми тоҷик дар қатори иду ҷашнвораҳои миллӣ ва давлатӣ ҳамасола дар санаи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллиро бо як шуқуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Бахусус ҷавонон ин рӯзро бо қалби пок ва самимият пешвоз мегиранд, зеро ҷавонон худ зодаи давлати соҳибистиқлол буда, дар домони ваҳдату ягонагӣ ба воя расидаанд. Боварии комил дорем, ки бо сарварии фарзанди ин миллат ва саҳмгузори асосии Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин бо тарбияи устодону мутахассисони варзидаи ин давлат мо ҷавонон тарбияи хуб гирем ва барои боз ҳам ободтару зеботар шудани Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН

Раиси суди ноҳияи Ёвон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ