НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Мутафаккири бузурги Юнони ҳадим Арасту гуфта буд: “Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, ҷомеаи солим ҳукмфармост”. Воқеан ҳам, барои оилаи солимро барпо намудан бояд муҳити созгоре сохт, ки хушбахтона бо фазилату асолати хирадмандонаи Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он муҳайё аст.
Вакте ки сухан аз боби оила ва оиладорӣ меравад, бояд зикр намуд, ки асоси ҳастии ҳар як миллат ва рушду нумӯи дилхоҳ давлат ба пойдориву устувории он алоҳаманд аст. Неруи оилаи солим метавонад зиндагии инсонҳоро ба маҷрои зарурӣ то ба манзили мурод расонад. Агар ба ҷомеаи имрӯза назар афканем, маълум мегардад, ки дар пешрафт ва нумӯи ҳар давлат оилаи солим заминагузор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояш ва Паёми ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудаи худ (23-январи соли 2015) таъкид доштанд, ки: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоҳат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд” ва соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуданд.
Дар ҳақиқат, оила мактаби бузургест, ки арзишҳои баланди инсониро омӯхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад. Инсонгароӣ, муҳаббат ба Ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд.
Мусаллам аст, ки хушбахтии оила аз муносибати фаъолонаи аҳли он, яъне падару модар ва фарзандон сарчашма мегирад. Аз таҷрибаҳои андухтаи пирони рӯзгордида маълум аст, ки ваҳте муҳити хуби хонаводагӣ муҳайёст, оила роҳи дурусти зиндагиро пеша мекунад. Баланд бардоштани маҳоми зан дар ҷомеа, роҳандозӣ шудани даҳҳо барномаи давлатӣ имкон дод, ки зани тоҷик ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар оила обрӯ ва нуфуз пайдо кунад. Албатта ин шарти муҳим аст. Бояд гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифати инсонӣ замина мегузорад. Таъсири оила ба инсон ҷавҳару асолати инсониро ошкор месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад.
Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оила мушоҳида кардаанд ва пайрави волидон ё бобою бобокалону бузургони хонавода буданд. Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагон дар мавриди оиладорӣ ба асолати инсонии насли наврас таъсир мегузорад.
Донишмандон исбот намуданд, ки ҳар қадар ҷамъият пеш равад, ҳамон андоза тарбия намудани фарзанд, оила ва ҷомеа мушкил мегардад. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо он аст, ки фаррох ва дастрас будани майдони шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки баъзе аз ҷавонон, бинобар гумроҳӣ ва надоштани мафкураи сиёсӣ, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шаванд.
Ҳамин тавр оила яке аз муқаддастарин бунёдгоҳи маърифати инсонӣ, таконбахши муҳимтарин арзишҳои анъанавии аҳли башар ба шумор рафта, дар муносибат бо амали нек ҷараён мегирад ва рушд менамояд. Боварии комил дорем, ки ҳар фарди бомаърифати ҷомеа барои пойдории оила ва рушди ҷомеа хизмати шоистаро ба сомон хоҳанд расонид.
Назарзода Азиз
Судяи суди ноҳияи Ёвон