Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ

 

Ваҳдат сарчашмаи пешрафти ҷомеа ин пеш аз ҳама сухан дар бораи Ваҳдати миллӣ  гуфтан, ҳар як фарди Тоҷикистониро мебояд, ки таърихи ба даст овардани ин саннаи бошукуҳи бебаҳоро  имрўзаро донанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки касе, ки таърихи миллати худро надонад, у зодаи ҳамон миллат нест, ҳоло он, ки аз рӯзи ба дастовардани ин ҷашни Пуршукуҳ 28 сол сипарӣ шудааст. Дар ин бора шоири зиндаёди ширинкаломи шаҳри Ваҳдат Мирзо Файзали чунин шеър нависонидааст.

Иқтидори давлати мо,

Ифтихори миллати мо,

Шуҳрати мо, шавқати мо,

Ваҳдати мо, ваҳдати мо.

Осмони софи кишвар,

Бахтро рахшанда ахтар,

Раҳ ба фардои мунаввар,

Ваҳдати мо, ваҳдати мо.

Агар мо нисбати ин  Рӯзи муқадаасот асарҳо нависем ин кам аст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мо иди идҳост. Маҳз тавассути он имкон фароҳам гардид, ки дар кишварамон сулҳу осоиштагӣ барқаррор гардида, мардум аз вартаи ноумеди ва нобасомониҳои рӯзгор раҳоӣ ёбад ва хушбахтона дар барқаррор шудани сулҳу ваҳдат саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Сарвари  бузурги мо ваъдаи дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  додаашро, ки гуфта буд : «Ман ба Шумо сулњ меорам!» содиқона  иҷро намуда аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданаш пайи сулҳу субботу осоиштагӣ гардидааст.

Самараи ҳамаи кушишҳои Сарвари ҷавони давлатамон  тавонист, ки 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия шартномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷиконро ба имзо расонад ва муноқишаҳои дохилию муқовимати мусаллаҳонаро  хотима бахшад.

Саннаи 9-уми  декабри соли 2015 таҳти Раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Вакилони маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қонуни мукамал қабул намуданд.

Дар таърихи 19-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин Иҷлосияи таърихи фарзанди фарзонаи миллат Эмомали Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне Сарвари давлат интихоб гардид. Мо бояд инрузро рӯзи таърихӣ, ки якрузи фаромуш нашавандаи миллат мебошад наљоти миллат арҷгузорӣ намоем.

Аз рӯзи баргузории инсаннаи таърихи суханони авали Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ба мардуми дилшикастаи кишвар чунин буд : «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми малака ва таҷрибаи худро истифода бурда ба ҳар оилаи тоҷику тоҷикистони сулҳ меорам, инчунин  ҳамаи гурезагоне, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доранд ба ватан бармегардонам, то як фарди тоҷик берун аз марзи ҷумҳури будан ман ором хоб карда наметавонам».

Таҷриба нишондод, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқона вафо карда бо якзаҳмату талошҳои беандоза Тоҷикистони кучаки азизамонро аздасти қотилони миллат берун сохта ба як кишвари гул-гулшукуфон табдил дод. Дар ин мудати на чандон тулони ў тавонист, ки ба пешрафту дастовардҳои зиёде ноилшуда, ки ин қобили таваҷуҳ мебошад.

Пўшида нест, ки пешрафту тарақиёт танҳо дар натиљаи сулҳу субот, оромиву амният роҳандозӣ мешавад. Боиси ифтихораст, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон-Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде рўи кор меоянд, ки маҳз барои пойдори сулҳу суботни гаронида шудаанд. Ин ҳама нишондодҳои олӣ маҳз бо ташабуси Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон ба маркази баргузории конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ табдил ёфт.

Мо як чизро бояд қайд намоем, ки Президенти кишвар ва ҳалқи сарбаланди тоҷик ҳам тақдир ҳастанд. Чеҳраи зебои президент ин чеҳраи зебои миллат аст. Сарбаландии Президенти кишвар ин сарбаландии тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми мардуми тољикону форсизабонони олам ба ҷасорату мардонагии ин марди хирадманд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд. Қайд кардан зарур аст, ки қаҳрамони халқу миллати тоҷик Эмомали Раҳмон як сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро муарифи кард.

Ин ҳама корнамоиҳои бемисли Ҷаноби Олӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи башар абади мемонад, Юсуф (а) бо хираду заковатмандии худ мардуми Миср ва мамолики ҳамҷавори онро аз чанголи гушнаги раҳо дод. Ваҳдатофарии пешвои хирадманди миллати тоҷик ҳамсанги он мебошад, ки Исмоили Сомонӣ дар ҷанги Тарос  10 ҳазор артиши ҳасмро ба неруи хирад асир гирифт ва Бухорои шарифро аз ҷанголи ғосибон эмин дошт.

Гуфтаҳои боло шаҳодати он мебошад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти хеш баробари барқаррор кардани сулҳу ваҳдат дар ҳифзу пойдории он корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ҷасорати Сарвари давлат чи дар ибрози назар чи дар бунёди низоми нави давлатдорӣ, ки муҳимтарин гавҳари пешрафти кишвар мебошад назир надорад.

Дар фарҳоми сухан мехоҳам бигўям, ки тамоми орзую таманнои миллати тоқик имрўз ба пуррагӣ амалӣ гашт. Солҳо мегузаранд, асрҳо паси сар мешаванд наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба ин саҳифаҳои таърихи арзи назар карда ифтихор мекунанд. Мо мардуми ин сарзамин оиди болоравии маънавиёт ва некуаҳволии мардум бо як иродаи бузург мегуем, ки Пешвои миллат Ҷанобӣ Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар охир бо як мисраи шеъри худ чунин гуфтаниам.

Ваҳдати мардуми мо,

Аз Пешвои милат аст.

Ҳама рузои неки мо,

Аз самараи  Вањдат аст !

Бигзор ҳамеша дар осмони софу беғубори мардуми сулҳпарвари мардуми тоҷик  кабутари сулҳу ваҳдат абаддан болашфшони намояд.

 

Раиси суди ноҳияи Ёвон    —     Камолзода С.И.