Мурофиаҳои сайёри судӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 30 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо иштироки кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, фаъолон ва сокинони Ҷамоатҳо аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон Тағоев Муҳамадали Холбобоевич, 17.07.1984 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова, деҳаи Зариндашт, Қурбонова Насиба Олимхоновна, 20.02.1986 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи 1-уми Май, Давлатзода Абдулло Тағоймурод, 23.10.1969 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи С.Шерозӣ, Ҷалолов Рамазон Неъматович, 20.08.1973 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова, деҳаи Навкорам ва Бекмирзоева Гулбозор Нуралиевна, 03.04.1981 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи А.Ғуломов барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз тарафи падару модар иїро накардани ўідадориіои тарбиявњ ва таълимњ іангоми набудани аломати їиноят мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 216 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ дар Ҷамоатҳои шакраку деҳоти ноҳияи Ёвон амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.