Машғулияти семинарии судяҳо дар шаҳри Бохтар
Санаи 18 июни соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси суди ивлояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода П.С. баргузор гардид.
Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 3 нафар судя аз ҷумла:
— Ғанизода Ф.М. муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Омӯзиши бобҳои 54 ва 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— Шоҳиён Ф. судяи суди ноҳияи Хуросон дар мавзӯи «Бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ, дар ҳолати ҷой доштани як лаҳзаи ҷиноят ва маҷмӯи ҷиноятҳо, таъини ҷазо, аз он ҷумла ҷазои ниҳоӣ (моддаи 310 КМҶ ҶТ)»;
— Раҳимзода З. судяи суди ноҳияи Дӯстӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарӣ»
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи июни соли 2024 гузаронида шуда, ба раисони суд ҷиҳати дар сатҳи баланд супоридани ҳисоботҳои оморӣ барои давраи фаъолияти кории нимсолаи якуми соли 2024 таъкидҳо карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва ҳалли мушкилотҳои дар таҷрибаи судӣ муайяншуда мусоидат хоҳад кард.