Машғулияти семинарии судяҳо дар ноҳияи Ёвон

Санаи 29 апрели соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба номи Тағоймурод Хушвахтов машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло Салим ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 8 нафар судя аз ҷумла:

 -Ғафориён Т. судяи суди шаҳри Бохтар ва  Абдумуталибзода С. судяи суди ноҳияи Ш.Шоҳин дар мавзӯи «Муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №13 аз 23.12.2011 сол «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорие, ки баргардонидани парвандаро ба тафтиши иловагӣ ба танзим медароранд»;

-Мирзозода А. судяи суди ноҳияи Кӯшониён ва Садирзода С. судяи суди ноҳияи Ховалинг дар мавзӯи «Таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди эътирофи ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ва рӯёнидани фарқияти арзиши амволи ба гарав гузошташуда»;

-Зуҳурзода Д.Ш. раиси суди ноҳияи А.Ҷомӣ ва Амирҷонзода С. судяи суди ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Иҷрои қарорҳо вобаста ба таъини ҷазои маъмурӣ (боби 17 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

-Қурбонзода А. раиси суди ноҳияи Хуросон ва Шамсзода А. судяи суди шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Омӯзиши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бобҳои 10-11) баромад намуданд.

        

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи апрели соли 2023 гузаронида шуда,  натиҷаи санҷиши Раёсати суди вилояти Хатлон дар баъзе аз судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо зикри камбудиҳои дар рафти фаъолияти кории судяҳо ҷойдошта мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат натиҷаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти кории судяҳои суди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2023 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, таъкид гардид, ки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои саривақтии Стратегия, Барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён ҳар чи бештар мурофиаҳои сайёри судӣ баргузор намуда, ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва шароитҳои барои содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳои зиёдтар бароварда, дар рӯзномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз мақолаҳо ба нашр расонида, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радио баромадҳо намуда, суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон, коллективҳои меҳнатӣ, хонандагони МТМУ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёдтар ба роҳ монанд. Иловатан барои худдорӣ намудани аз омилҳои дорои хусусияти коррупсионидошта байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо таъкид карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.