Машғулияти семинарӣ дар ноҳияи Дӯстӣ
Санаи 27 майи соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои Суди вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳзода И.Н., раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,
- Иброҳимзода Ш.С.-муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ мутобиқи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Солеҳзода Ш.-судяи суди ноҳияи Носири Хусрав дар мавзӯи «Аҳдномаи никоҳ мутобиқи боби 8 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Абдуллозода А.Б.-судяи суди ноҳияи Панҷ дар мавзӯи «Тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ мутобиқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Муродзода М.-судяи суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Мафҳум ва намудҳои ҷазои маъмурии асосӣ ва иловагӣ мутобиқи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳзода И.Н. натиҷаи санҷиш дар баъзе аз судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои саривақтии супоришҳои хаттии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ва дигар супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи судяҳо расонида шуда, дастур дода шуд, ки супоришҳои мазкур сари вақт иҷо карда шуда, ҳангоми иҷро аз ҷавобҳои дорои шакли қолабӣ худдорӣ карда шавад.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи майи соли 2022 гузаронида шуд.
Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, умедвор ҳастем, ки он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.