Машғулияти навбатии семинарӣ дар Суди вилояти Хатлон

Санаи 29 апрели соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои Суди вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Шодмон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,
- Муродзода М.-судяи суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Муқаррар кардани ҷойи зисти кӯдак ва гирифтани кӯдак мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Муҳиддинзода С.-муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои ҳуқуқии он мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Ҳакимиён К.-судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҳарбӣ марбут бо вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеъияти хизматӣ дар байни онҳо»;
- Зуҳурзода Д.-раиси суди ноҳияи А.Ҷомӣ дар мавзӯи «Хусусияти баррасии парвандаҳо марбут ба ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қисмҳои таркибии ин ҷиноятҳо дар робита ба тавзеҳоти Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир бо моддаҳои мазкур» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон дастуру супоришҳои бевоситаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ба саъми судяҳо расонида шуда, барои худдорӣ намудан аз омилҳои дорои хусусияти коррупсионидошта таъкидҳо карда шуд.
Аз ҷониби раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам лизода Шодмон низ муҳтавои маълумотномаҳо оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти кории баъзе аз судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба саъми ҳозирин расонидашуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта да муҳлати кӯтоҳтарин дастур дода шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур роҳбарият ва раисони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршава тағйирёбии санадҳои судӣ вобаста бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ дар моҳи апрели соли 2022 гузаронида шуд.
Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.