МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ОСОИШТА
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасии адолат бо кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳиявӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз 12 апрели соли 2024 дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст. Ин навбат бо ҳамин мақсад санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар толори ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур доир карда шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёхат, муовини прокурори ноҳияи Ёвон Самизода Фурқат, ёрдамчии раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳокимзода Майҳан, сардори шӯъбачаи милитсияи Ҳаёти Нав Раҳматуллоев Ҷаъфар ва намояндагони шуъбаҳои маориф, занон ва оила, танзим, ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Нахуст раиси ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул маҷлисро оғоз бахшида меҳмононро ба аҳли толор муаррифи намуданд. Сипас муовини прокурори ноҳия Самизода Фурқат ба сухан баромада вобаста ба масъалаи мазкур ибрози назар карда, таъкид доштанд, ки мақсади аз эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар мебошад. Ҳамзамон намояндаи Суди ноҳия Ҳакимов Майҳан суханрони намуда, вобаста ба зиёд гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷудошавии аз ҳад зиёди оилаҳои ҷавон дар солҳои охир қайд намуданд, ки ин ҳама аз сатҳи паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёхат ба сухан баромада вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони худогоҳи тоҷик ҳам қарз ҳам шарафи бузург аст. Ҳамзамон дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ андешарони намуда, баён доштанд, имрӯз бояд ҷавони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва дар пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон камари ҳиммат банданд. Инчунин қайд карда шуд, ки саркаши намудан аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ ин ҳам аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии бархе аз ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар фарҷоми вохӯри аз ҷониби аҳли толор ба меҳмонон саволу дархостҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.