Марди чорзана ҷазо гирифт

Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия ва дар маҷлиси сайёри судӣ дар ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кўчаи Меҳвар 9, санаи 3 майи соли 2021 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарифов Файзалӣ Мирзоалиевич, 31. Майи соли 1986 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 9 нафар фарзанд, мувақатан бекор, қаблан суд нашудааст, ӯҳдадори ҳарбӣ нест, бе ҳизб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷ/д Г.Юсуфова, д.Навкорам, хонаи берақам, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ  намуда, чунин муайян намудааст.

Судшаванда Шарифов Файзалӣ Мирзоалиевич соли 2009 тариқи расму оини динӣ  бо шаҳрванд Тешаева Махсуда Шарофидиновна,  8 ноябри соли 1987 таваллудаш, зодаи ш.Ваҳдат оила барпо намуда, ақди никоҳашонро санаи 17 январи соли 2012 дар Ҷ/д Г.Юсуфоваи н.Ёвон таҳти №22 ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагонии якҶояашон соҳиби 3 нафар фарзанд: Шарифова Муҳиба Файзалиевна с.т 2010, Шарифов Умар Файзалиевич с.т. 2014 ва Шарифова Фахрия Файзалиевна с.т. 2016 гардида, дар суроғаи н.Ёвон, Ҷ/д Г.Юсуфова, д.Навкорам бо пешбурди хоҷагии умумӣ  зиндагонӣ  доштааст.

Ӯ ба ин қонеъ нагашта, дидаю дониста бо мақсади ғаразнок баҳри қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ бархилофи КО Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, боз соли 2012 бо шаҳрванд Муродалиева Маҳбуба Тоҳировна, 25 феврали соли 1987 таваллудаш, сокини н.Ёвон, Ҷ/ш Ёвон, к.Ғафуров, тарқи расму оинҳои динӣ оиладор гардида, аз зиндагонии якҷоя бо охирон соҳиби се нафар фарзанд: Муродалиева Сумая Файзалиевна с.т. 08.03.2013, Шарифов Усмон Файзалиевич с.т. 05.12.2015 ва Шарифов Алиҷон Файзалиевич с.т. 19.12.2017 гардида, дар суроғаи н.Ёвон, Ҷ/д Г.Юсуфова, д.Навкорам бо пешбурди хоҷагии умумӣ  зиндагонӣ  доштааст.

Инчунин ӯ боз ба ин қонеъ нагашта, моҳи феврали соли 2017 бо шаҳрванд Шарипова Барно Тағоймуродовна, 2 октябри соли 1989 таваллудаш, сокини ш.Ваҳдат, Ҷ/д Б.Бурунов, д. Бахтиёрон тариқи расму оини динӣ  оиладор гардида, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби як нафар фарзанд Шарифов Иброҳим (Анас) Файзалиевич гардида, дар суроғаи н.Ёвон, Ҷ/ш Ёвон, к.20-солагии Конститутсия то моҳи марти соли 2020 бо пешбурди хоҷагии умумӣ  зиндагонӣ  дошта, баъдан нисбаташ ба тариқи расму оини динӣ  талоқ эълон намуда, аз ҳамон вақт муносибати оилавии онҳо қатъ гаштааст.

Ҳамчунин ӯ боз ба ин қонеъ нагашта, моҳи майи соли 2017 бо шаҳрванд Ҳасанова Шабнам Заҳурбековна, сокини н.Ёвон, Ҷ/ш Ёвон, к. А.Ҷомӣ , х.123, ҳ.47 ба тариқи расму оини динӣ  оиладор гардида, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду нафар фарзанд: Ҳасанова Омина Файзалиевна, с.т. 14.02.2018 ва Ҳасанова Руҳафзо Файзалиевна, с.т. 10.12.2019 гардида, то моҳи марти соли 2020 дар суроғаи н.Ёвон, Ҷ/ш Ёвон, к.А.Ҷомӣ бо пешбурди хоҷагии умумӣ  зиндагонӣ  дошта, баъдан нисбаташ ба тариқи расму оини динӣ  талоқ эълон намуда, аз ҳамон вақт муносибатҳои оилавии онҳо қатъ гаштааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ  муайян гаштааст, ки судшаванда Шарифов Файзалӣ Мирзоалиевич дар як вақт бо чор зан бо пешбурди хоҷагии умумӣ  зиндагонӣ  намудааст.

Бо ин кирдори худ судшаванда Шарифов Файзалӣ Мирзоалиевич ҷинояти серзанагӣ , яъне бо чор зан зиндагонӣ  кардан бо пешбарии хоҷагии умумиро содир намудааст.

Бо ҳукми суд Шарифов Файзалӣ Мирзоалиевич дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 (як) солу 2 (ду) моҳ бо нигоҳ доштани 20 (бист) фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат, дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқоматии ӯ таъин карда шудааст.

Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

АБДУЛЛОЗОДА Ҷ.А.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.