КОРРУПСИЯ- ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Агар ҳар нафар вазифаи иҷтимоӣ, масъулияти касбӣ ва муҳим аз ҳама қарзи инсонии худро иҷро кунад, барои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат монеае вуҷуд дошта наметавонад ва ҳеҷ муаммое бунёд намегардад.

Зуҳуроти номатлубе, ки дар бисёр мавридҳо инсофу адолатро аз миён мебарад, ин ришваю ришваситонӣ, ё ба тарзи дигар гўем, амали коррупсионӣ мебошад. Ришвахўрӣ зуҳуроти нав набуда, дар ҳар давру замон нишонаҳои он аён аст. Одатан амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби табақаҳои миёнаву болоии ҷомеа, яъне онҳое, ки сари вазифаҳои давлатӣ буданд, барои иҷрои амале, ки мардуми оддӣ тавонашро надоштанд, сурат мегирифт. Аммо рафта-рафта, ин раванд мураккаб гардида, имрўз мардуми оддӣ худ амалҳои коррупсионӣ бунёд мекунанд.

Коррупсия ва андешаҳои коррупсионӣ ба шуури ҷомеа чунон ҷой гирифт, ки мардуми оддӣ ва онҳое, ки дар ҷомеа пешсаф будан мехоҳанд, дар аксар мавридҳо заҳмат кашиданро хуш надоранд, балки онро бенатиҷа меҳисобанд. Дар асл ришваю ришваситонӣ натанҳо зарари иқтисодӣ меорад, балки ба буҳрони ақливу зеҳнӣ низ бурда мерасонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тамоми вохўрию баромадҳояшон барои пешгирии ин амали номатлуб ба масъулин супоришҳои  махсус медиҳанд ва аз мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа бо таассуф ҳарф мезананд.

Коррупсия чун амали номатлуб тамоми давлатҳои рўйи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, барои бартараф намудани он чораҳои зарурӣ андешида  мешаванд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби аср дар тамоми соҳаҳо кўшишҳо дида мешаванд. Махсусан дар соҳаи маориф таъсиси Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ боиси он гардид, ки довталабон вобаста ба сатҳи донишашон, бидуни дахолати нафаре тавонанд ба мактаби олӣ ва ё миёнаи касбӣ дохил шаванд.

Ба системаи низоми нав гузаштани донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои миёнаи касбӣ дар кишвар низ сару садоҳои «гуфтугў»-и миёни устоду шогирдро аз миён бурд ва метавон гуфт, ки ришвадиҳиву ришваситонӣ низ ғайриимкон гардид. Талаботи системаи нав донишҷўро ба заҳмат кашидан водор мекунад ва нафаре, ки заҳмат мекашад, албатта роҳатро мунтазир аст, барои расидан ба ҳаққи худ талош мекунад. Гуфта метавонем, ки дар соҳаи маориф барои аз миён бурдани ришваю ришваситонӣ  қадами устуворе гузошта шудааст, аммо ришваситонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ  мавҷуд аст, ки барои решакан намудани он ҷомеа бояд аз зарару пасомадҳояш бохабар бошанду барои аз байн бурдани он саҳм гузоранд.

Аз миён бурдани коррупсия кори душвор нест. Танҳо роҳ надодани мо ба амали коррупсионӣ худ дар муқовимат ба коррупсия амали бузургест. Барои пешрафти ҷомеа, беҳбудии ҳаёт, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ, ҳар яки  мо бояд аз амалҳои коррупсионӣ ҳазар кунем.

Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ,

муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон