КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 14 ноябри соли 2024 дар суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд Конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зимни сухани ифтитоҳиаш кормандонро бо ин муносибат табрик намуда, дар мавзўи «Нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини озодӣ, сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон» бо маърўза баромад намуда, изҳор доштанд, ки таърих баёнгари он аст, ки дар сарнавишти бисёре аз халқу миллатҳо давраҳои хеле душвору буҳронӣ вуҷуд доштаанд ва барои баромадан аз он мушкилот нақши шахсиятҳои бузурги сиёсӣ хеле калон ва ҳалкунанда будааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ин гуна шахсиятҳо ба шумор рафта, барои миллати тоҷик дар давраҳои хеле душвор ва тақдирсози таърих хизматҳои басо бузург ва нотакрор кардаанд. Ин сиёсатмадори бузурги сатҳи ҷаҳонӣ ҳамаи ҳастии худро баҳри озодӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва ободии Тоҷикистони азизамон равона кардаанд.
Мусаллам аст, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сар карда аз соли 2016 дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз дар санаи 16 ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихан аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар қасри бошукӯҳи Арбоб Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ оѓоз кард. Рӯзноми иҷлосия 23 масъаларо дар бар мегирифт ва Масъалаи асосии дигари Иҷлосия таъин намудани роҳбари нави Тоҷикистон буд. Дар иљлосияи мазкур бо роҳи овоздиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз 197 вакилони халқӣ 186 нафарашон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Худованд барои миллати тоҷик дар ин давраи фоҷиабор роҳбаре ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ато кард, ки миллатро аз парешонӣ ва Тоҷикистонро аз нестӣ нигоҳ дошт.
Бо дарназардошти ин ҳама кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳое, ки Пешвои миллат ба хотири бунёди ояндаи рӯшани халқу давлат намудаанд, мебояд, ки номи Роҳбари давлат дар радифи бузургтарин мардони таърихи сиёсии ҷаҳон қарор гирад.
Натиҷаи заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти кишварамон аст, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик бо халқу миллат ва Пешвои худ ифтихор намуда, аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ менамояд ва муҳити озоду обод ояндаи неки худро бунёд месозад.
Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин, муовини якуми раиси суд Ғанизода Фаррух дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ», муовини раиси суд Ҳамдамзода Алиҷон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон», судя Наимзода Фарҳод дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон ва ҷавонон дар ҷомеа» ва судя Мирзозода Манучеҳр дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат ва ниҳоят расидан ба қадри ҷоннисориву заҳматҳои бедареғи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.