ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истиқлолият гуфта буданд: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рў, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандўсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».
Дар ҳақиқат Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва ифтихор доштан аз он падидаи бузургест барои ҳар як миллат, хоҳ он бузург бошад, хоҳ кўчак. Ҳар як шахси ватандўсту худогоҳ ва худшинос набояд Истиқлолияти ватанро танҳо чун мояи ифтихор ба забон орад, балки барои устувории он меҳнати софдилонаву созанда намуда, таҳти идеологияи устувор, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад, кўшиш намояд. Ҳақ ба ҷониби Алома Иқбол аст, ки гуфта буд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Имрўз ояндаи миллатамон дар дасти худи мост ва имрўзҳо омодагиҳо ба ҷашни пурифтихори 30-солагии ин рўйдоди муҳими таърихӣ босуръат ҷараён дорад.
Маҳз тавассути Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро зиёда аз 140 давлати дунё мешиносанд ва робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд. Имрўз мо метавонем тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон ба қуллаҳои баланди зиндагиномаи инсонӣ расем, зеро барои ин имрўз ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайёст.
Ҳарчанд солҳои охир гурўҳҳое пайдо шуданд, ки атрофи Истиқлолият ва ҷомеаи имрўзаи мо нигоҳи мусбӣ надоранд, ин набояд моро ошуфтаҳол созад. Зеро чунин падидаҳои номатлуб дар ҳама давру замонҳо вуҷуд дошт. Вазифа имрўз аз он иборат аст, ки мо бояд барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти худу аҳли байт ва аъзои ҷомеа кўшиш намоем, зеро маънавиёт ин калиди пешравиҳост. Ба ақидаи олими шинохтаи тоҷик, файласуф, профессор Нодир Одилов дуруст дарк кардану дар мизони маънӣ баркашидани принсипҳои мардумсолорӣ- сулҳу озодӣ, ваҳдату тафоҳуми миллӣ, озодандешӣ ва адолатпарварӣ ин ифтихор аз Истиқлолият доштану аз шинохти миллат сарчашма мегирад. Имрўз ҷомеаи муосир дар давраи бархўрди тамаддунҳо ва тағйирёбии глобалии арзишҳои сиёсиву маънавӣ, қарор дошта, маърифатнокии сиёсӣ ва илмию техникии шаҳрвандон аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Моро зарур аст, ки аз дирўз дида ҳушёртар бошем ва нагузорем, ки ҷойи анъанаҳои неки гузаштагонамон, ки саршор аз некиву накўкорӣ ва инсондўстиву одамият ҳастанд, ба гўшаи фаромўшӣ раванд. Ин анъанаҳо ва маданияти оламшумули худро мо метавонем дар рафтору гуфтор, эҳтироми забону пўшидани либоси миллӣ ҳифз намоем. Зеро ба андешаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори миллӣ аз донистани забон, маданият, урфу одат ва фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад. Ва ҳар яки моро зарур аст, ки барои ривоҷу равнақи ин нишондодҳо меҳнати софдилонаю созанда намуда, ҳисси миллию ватандўстӣ ва худшиносии хешро боз ҳам сайқал диҳем.
Мирзозода Манучеҳр,
судяи суди ноҳияи Ёвон