Иштироки судяҳо дар Тренинги омӯзишӣ
Боиси зикр аст, ки аз санаи 25 то 28 апрели соли 2023 дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо дастгирии шарикони рушд аз қабили, Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» -GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ) ва Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди Олмон-BMZ , байни судяҳои суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Тренинг дар мавзӯи «Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ, муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ» баргузор мегардад, ки дар он судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Мирзозода Манучеҳр Ҳасан иштирок менамояд.