ИШТИРОКИ СУДЯҲО ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНТИКРИЗИСӢ ДАР ШАҲРИ АЛМАТО
ИШТИРОКИ СУДЯҲО ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНТИКРИЗИСӢ ДАР ШАҲРИ АЛМАТО
22.09.2025
Рӯзҳои 15 то 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Конфронси Байналмилалии Антикризисӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои мубрами ҳифзи устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои буҳронӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳо дар соҳаи таҳкими адолати судӣ дар шароити ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, мавқеъ ва таҷрибаи миллии кишварро оид ба масъалаҳои мубориза бо буҳронҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ намуданд.
Илова бар ин, ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти суди шаҳри Алмато шинос гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми судӣ баҳравар шуданд. Ин таҷриба барои такмили равандҳои рақамикунонии низоми судии миллии мо аҳамияти хоса дорад.
Иштироки намояндагони судҳои Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои касбӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ мусоидат мекунад, балки заминаи мустаҳками ҳамкорӣ ва табодули таҷриба барои рушди минбаъдаи фаъолияти низоми судии миллӣ шароит фароҳам меорад.
манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон