ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ САНГВОР
ИШТИРОКИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ САНГВОР
18–19 сентябри соли 2025 дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки бо тасдиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар ноҳияи Сангвор чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар ин мулоқот Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р., Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи М., сокинон ва фаъолони ноҳия бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, бо суханронии пурмуҳтаво баромад карданд.
мулоқот дар фазои самимӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷараён гирифт ва аҳли нишаст аз зарурату аҳамияти чунин чорабиниҳо дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати комили миллӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъд аз анҷоми мулоқот Раиси Суди Олӣ аз фаъолияти кории судҳои ноҳияҳои Сангвор, Нуробод ва Рашт шинос гардида, бо масъулин ва кормандон дар бораи беҳтар намудани сифати адолати судӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбӣ суҳбат анҷом доданд.
Суди ноҳияи Сангвор:
Суди ноҳияи Нуробод:
Суди ноҳияи Рашт:
Манбаъ : Аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон