Иштироки раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 5 ноябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин, раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло вобаста ба мазмун ва муҳтавои муқарраротҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуд.