Иштироки раиси суд Абдуллозода Ҷ.А. дар маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2021

10 июли соли 2021 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли равон доир гардид.
Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоҳир иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро доир ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумоти мухтасар дода, аз муовинони раиси ноҳия ва дигар масъулин пурсиш ба амал овард.
Аз гузориши раиси ноҳия ва маълумоти мухтасаре, ки дар рӯзномаи “Субҳи Ёвон” ба нашр расидааст, бармеояд, ки рушди бонизоми ноҳия дар давоми нимсолаи сипаришудаи соли равон таъмин гардидааст.
Дар анҷоми маҷлис раиси ноҳия ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва бо натиҷаҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.