Иштирок дар тантанаҳои Ҷашни Наврӯзӣ

Санаи 23 марти соли 2022 дар шаҳраки Ёвон бахшида ба ҷашни Наврӯзи дилафрӯз тантанаҳои идона баргузор шуданд. Дар ин тантанаҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз ҷумла, Раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло иштирок намуданд.

Майдони назди Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ таъин гардида буд. Дар Наврӯзгоҳ беш аз 7 ҳазор меҳмонону сокинони ноҳия барномаи консертии аҳли ҳунарро дошт, тамошо карданд.

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва меҳмонон- директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфтанд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки : “Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозӣ мебошад.

Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.

Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.

Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.

Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.

Омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.