ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

default

default

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати мо тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣон ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат эълон гардидааст.
Аз соли 2009 инҷониб ҳамасола ин санаи муҳими таърихӣ- қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.
Бо мақсади таҷлили ин ҷашни таърихӣ санаи 22 ноябри соли равон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти қудартӣ, собиқадорон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳаброни ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон чорабинии тантанавӣ баргузор баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон ва мақсаду ҳадафҳои созанда ба ҳисоб рафта, қабул гардидани ин рамзи муқаддас ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба оини давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшида, ба асолати таърихии миллати тоҷик ҳамчун як зуҳури бисёр муҳимму арзишманд эътимод пайдо карданд.
Дар қисмати дуюми чорабинии мазкур ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ гузашти тантанавӣ “Парад” аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, ки ҳамаи ширкаткунандагон бо як рӯҳияи болида ва дар фазои орому осудаи кишвари азизамон дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд.