Иштирок дар Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум

Санаи 30 марти соли 2022 Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум дар толори қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро доир гардида, дар кори иҷлосияи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомот ва дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла Раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони воситаиҳои ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок доштанд.