Иштирок дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Санаи 4 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он собиқ муовинони раиси ноҳияи Ёвон Тоҷинисо Худойбердиева, Тоҷинисо Шарифова ва Зумрад Умматзода, занони собиқадору роҳбар, хизматчиёни давлатӣ, духтарони муваффақу фаъол, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  аз ҷумла Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст табрик гуфта, хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуд ва наќши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар амри пешрафти кунунии ноҳия лоиқи таҳсин хонд.

Барномаи консертӣ, ки тараннумгари меҳру садоқати модар ва назокату латофати бонувон буд, ин чорабинии фарҳангиро ба ҷашнии воқеии модарон, бонувон ва гулдухтарон табдил дод.