Иштирок дар чорабинӣ бахшида ба гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳаҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

То бихобад миллате осуда андар хоби ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Санаи 4 апрели соли 2022 дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон маросими гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло низ иштирок намуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро иқдоми сарбозони ояндаи Ватанро шоистаи таҳсин хонда, зимни суханронии хеш аз ҷумла гуфт: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун «қувваи пешбаранда» тавсиф намуда, қайд кардаанд, ки: «Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд».