Интихоб ва бозхонд гардидани роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, як қатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 15 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Инчунин, дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва бозхонд намудани роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, як қатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Усмонзода Тоҷиддин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайриддинзода Азизбек муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҷонфидо Халил судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин, Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон, Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор, Ҳафиззода Тимур Ҷамшед, Шӯҳратзода Улуғбек, Маҳмадзода Хуршед Бобохон, Солеҳзода Зарина Тағойназар, Бекзода Абдураҳим Абдулло ва Усмонзода Тоҷиддин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ судяҳои навинтихобро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолати судӣ ба хизмати софдилона ҳидоят намуданд.
манбаъ: majmilli.tj