Идомаи корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимӣ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ва дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ); риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо, ки санаи 22 майи соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М. ва пристави суди ноҳияи Ёвон Ёрзода М.Ф. бо хонандагон, омӯзгорон, Кумитаи падару модарон ва сокинони маҳаллаи Зулмободи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи Ёвон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М. дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили, бекор кардани ақди никоҳи ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.