Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид.
Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Маҳмадшарофи Дилбар аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Сӯҳроб аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозхонд гардида, дар ин хусус қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул шуданд.