ХАТАРҲОИ БУЗУРГ ВА НИГАРОНКУНАНДАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ (ИФРОТГАРОӢ)

Ҷаҳони муосир вобаста ба мақсаду таъсиргузориҳои шуми қудратҳои ҷаҳонӣ ва амалинамоии фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, ҷомеаҳои шаҳрвандиро ба мушкилоту барҷомониҳои иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии навбатӣ мувоҷеҳ намуда истодааст. Нақшаҳои паси пардагии мақсадмандон дар натиҷаҳои коркард ва ҷалбнамоиҳо, маҳз бо дасти ҷавонони гумроҳ ва фирефташуда бо фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгаро амалӣ мешаванд, ки ба оромиву осоиштагӣ, ба истиқлоли озодӣ ва рушди босуботи кишвари азизи мо низ ҳамаҷониба таҳдид менамояд.Аз ин хотир, дар канор мондан ва дарки дуруст ва ҳамаҷониба накардан атрофи ин масоил, ҳамчун вабои аср ва маризии хуруҷкунандаву табобатнашаванда, метавонад пайомадҳои нангину фоҷеаборро ба сари миллат ва бақову осудагии тамоми бошандагон бемайлон фурӯ резад. Имрӯз дер нашудааст, ки мо тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон новобаста аз аз синну сол ва касбу кор, аз мансубият ба ҳизб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии худ бояд дар ин набарди фикриву ақлонӣ, дар ин муборизаи бузург бо дарки воқеии ин мушкилоти рақами яки инсоният дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошем.
Таҳдиди ҷиддии тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ, на танҳо ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ, балки бо таъсиргузории махсус имрӯз фарогири тамоми ҷаҳон гардидааст. Зуҳуроти ин падидаи нангин аз доира ва сатҳи як миллату давлатҳо берун гашта, хусусияти умумиҷаҳонӣ ва глобалиро ба худ касб намудааст. Вобаста, ба ин зуҳурот ҳар давлату миллат мавриди пешгирӣ ва аз байн бурдани он таҳдиду мақсадҳои пасипардагии корсозону муаллифони сенарияҳои махсус чораандешӣ ва корбариҳо намуда истодаанд.
Тоҷикистон дар заминаи як узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, наметавонад орӣ аз ин таъсироту равандҳо дар канор бошад. Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ дар баробари амалӣ намудани дигар марому мақсадҳо, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Дар асоси Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Аз ин хотир, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбанд. Барои ҳамагон равшану возеҳ аст, ки дар баробари амалинамоии имкониятҳо баъзе мушкилотҳо ва хавфу хатарҳое арзи ҳастӣ доранд, ки ба амният ва суботи ҷомеа, аз ҷумла ба сохтори конститутсионии давлату миллат таъсир ва таҳдиди воқеӣ менамоянд.
Ҳамагон огаҳӣ аз он доранд, ки таъсирот ва мавқеъёбии зуҳуроти террористиву экстремистӣ ва тафаккури ифротӣ ҳануз дар замони арзи вуҷуд доштани Ҳукумати Шуравӣ, ки Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷудонашавандаи он маҳсуб меёфт, бо роҳҳои ниҳониву ошкоро мақсадмандон бо фаъолияти ифротгароии динию — сиёсӣ ба амалҳои махсуси ноустуворкунандаи ҷомеа шурӯъ намуда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз бахшида буданд. Баъди анҷом пазируфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бадбахтиҳояш ҷуброннопазиранд, зуҳуроти ифротгароии динӣ-сиёсӣ аз байн нарафта, вобаста ба омилу таъсиррасониҳо мавҷудияти худро дар шаклҳои гуногуни таблиғ нигоҳ дошт.
Бо дарназардошти вазъияти ба миён омада, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 иброз намуданд, ки «Солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгароӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки махсус барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бар зидди омилҳои террористиву экстремистӣ равона карда шудаанд. Муҳимтарини онҳо, аз ҷумла: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” аз 21 апрели соли 1997, №707; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999, № 846; Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз 28 марти соли 2006, №1717; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011, №762; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълим ва тарбияи кӯдак” аз 20 июни соли 2024, №2049; Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 ва Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз 5 марти соли 2018, №1033 ба тасвиб расидаанд, ки барои пешгирӣ ва низоми муътадили равандҳои ҷомеа хеле аҳамиятнок мебошанд.
Яке аз роҳҳои дигари мубориза бар зидди терроризм ва ифротигароӣ ин пеш аз ҳама сари вақт манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ мебошад, зеро фаъолияти ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар дилхоҳ маврид ҳам ба давлат ва ҳам барои ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Дар ин асно, дар қаламрави мамлакат бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ аз қабили:
1.Ташкилоти «Ал-қоида» аз 30 марти соли 2006;
2.«Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» аз 30 марти соли 2006;
3.«Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Ўзбекистон) аз 30 марти соли 2006;
4.«Ҳаракати Толибон» аз 30 марти соли 2006;
5.Ташкилоти «Бародарони мусулмон» аз 30 марти соли 2006;
6.Ташкилоти «Лашкари тайиба» аз 30 марти соли 2006;
7.Гурўҳи исломии «Ҷамъияти исломии Покистон» аз 30 марти соли 2006;
8.«Ҷамъияти Таблиғ» аз 30 марти соли 2006;
9.Ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот», (Даъват ба ислом) аз 30 марти соли 2006;
10.Тоҷикистони озод аз 30 марти соли 2006;
11.Ҳизб-ут-таҳрир аз 11 марти соли 2008;
12.Ҷамоати (ҷамъияти Ансоруллоҳ) аз 3 майи соли 2012;
13.Ҳаракати ҷамъиятии «Гурўҳи 24» аз 9 октябри соли 2014;
14.Равияи динии «Салафия» аз 8 декабри соли 2014;
15.Ташкилоти «Давлати исломӣ (Давлати исломии Ироқу Шом) аз 14 апрели соли 2015;
16.Ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат ан Нусра) аз 14 апрели соли 2015;
17.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015;
18.Паймони миллии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019;
19.Ҷанги муқаддас (Ал-ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ, Священная война) аз 14 майи соли 2020;
20.Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ) Общество социальных реформ) аз 14 майи соли 2020;
21.Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъият Ихё ат-Тураз ал-Исломӣ) аз 14 майи соли 2020;
22.Хонаи ду зиёратгоҳ (Аль-Харамейн) Дом двух святынь аз 14 майи соли 2020;
23.Ҷунд-аш Шом (Артиши Шоми бузург, Воины Великой Сирии) аз 14 майи соли 2020;
24.Ҷиҳоди исломӣ, Ҷамоати муҷоҳидин аз 14 майи соли 2020;
25.Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво» (Свидетели Иеговы) аз 19 марти соли 2021;
26.Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News);
27. Ташкилоти террористӣ — экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»;
28.Ташкилоти экстремистии «Новый Таджикистан 2» мамнӯъ эълон гардида, пайравӣ намудан ва ҷонибдорӣ кардан аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо тибқи муқаррароти КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида шуд.
Новобаста аз тадбирҷӯиҳо дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, вобаста ба рушди бемайлони технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таҳдиду хатарҳои ғоявии ифротгарони диниву сиёсӣ рӯ ба афзоиш аст. Маҳз истифода аз технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба мақсадмандон, хусусан ба ифротгароён ва тундгароён шароит фароҳам овардааст, ки бе ягон мушкилӣ мақсаду маром ва ҳадафҳои ғаразноки хешро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан ҷавонон амалӣ намоянд.
Имрӯз фазои шабакаи ҷаҳонии интернет аз ҷониби ҳаргуна идеологияҳо ва ҷалбкунандагони равандҳои тундгарову ифротӣ ҳамаҷониба истифода мегардад. Интернет барои ҷонибдорони ақидаи ифротгароӣ ҳамчун яке аз манбаҳои асосӣ хизмат намуда, барои онҳо “минбари озод” мавриди пешбурди ташвиқу тарғиби ғояву афкор ва ҷалбнамоӣ ба манфиаташон, мавриди истифодаи мақсаднок қарор дорад. Воситаҳои иттилоотии расман дар аксари давлатҳои ҷаҳон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, барои ифротгароёну тундгароён баста аст, ва он зери назари муттасадиён қарор дорад. Аммо иддае аз афроди мақсадманд шабакаҳои иҷтимоиро маҳз ба нафъ ва амалинамоии ҳадафҳои аслии нопоки хеш истифода менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: “Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”.
Аз ҳамин хотир, барои пешгирии наврасону ҷавонон мавриди шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷомеа аз ҳама муҳиму асосӣ фаъолияти самарабахш ва масъулияти падару модарон дар тарбия ва таълими фарзандон ба ҳисоб меравад. Зеро фарзанд маҳз дар оила чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар муҳити солими он ба воя мерасад. Аз нахустин рӯзҳои дарки рангу бӯй, ҳаводису ҳаракат ояндаи кӯдакон маълум мегардад. Фарзандон барои волидон муқаддастарин инъоми худовандист. Як лаҳза ғофил мондан аз тарбияи атфол метавонад бори гарони зиндагиро ба души волидон ва фарзандон бор намояд.Моро пайваста таваҷҷуҳ нисбати феълу атвор, гашту гузор ва машғулиятҳои фарзандон аз ҳарвақта дида заруру ҳатмист. Зеро воситаҳои таъсиррасон ва ҷалбнамоиҳо дар ҷомеа он қадар зиёд гардидааст, ки дуруғ дар либоси ростин ва даъватҳои ғаразноку мухталиф дар шакли ҳақиқат пиндошта мешавад. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи сиёсатшинос Ятимов С.С. “Сатҳи маърифатнокии ҷомеа бояд, то ҳадде боло бурда шавад, ки мардум дар паси ҳар шиор, ваъда, пешниҳод, даъват ва суханронӣ пурра эҳсос карда тавонад ва дарк намояд, ки ин суханбозиҳо манфиати киро, кадом гурӯҳро ҳимоя мекунад. Иқтидори мутобиқати онҳоро ба манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди давлатдории мо сарфаҳм раванд.”
Бино ба гуфтаҳои болозикр, моро аз ҳарвақта дида, имрӯз масъулият бояд зиёдтар бошад. Шабакаи ҷаҳонии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси террористиву экстремистӣ барои таблиғи ақидаҳои манфиатовари хеш, хеле моҳирона суиистифода мешаванд. Онҳо аз ҳама воситаву имконот истифода намуда масоили хешро бо обу ранги махсус пешкаши “мизоҷон” мегардонанд. Дар офариниши даъват коргардонҳо чунон корсозӣ менамоянд, ки бинандаву шунаванда хоҳ но хоҳ мувоҷеҳи он мегардад. Дар асл ҳар баромаду даъвати онҳо маҳсули тахайюлоти фардӣ аст. Агар инсон заррае таваҷҷуҳи воқеӣ намояд, аз асли кор воқиф мегардад. Имрӯз собит гардидааст, ки доираи асосии истифодабарандагони шабакаи интернет маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд. Истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба бемории руҳӣ гирифтор намудааст. Чун зиёдтар ҷалб гардидаанд, моҳият ва дарки аслии корро сарфаҳм намераванд. Омили муҳими аз ин вазъият берун гардидан, таваҷҷуҳмандӣ ва дарки холисонаи ҳаводису воқеаҳо дар заминаи ҷалбнамоӣ мебошад. Яке аз сабаби ба ин маризӣ гирифтор шудани ҷавонон вақти зиёди хешро дар шабакаи Интернет сарф намудани онҳо мебошад.
Мусаллам аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ҳанӯз дар марҳилаи оғози ташаккул ва инкишоф қарор дорад. ”Муттасаддиён” мавриди ҷалбнамоиҳо сараввал барои наврасон бозиҳои гуногунро бо пешниҳоди “тӯҳфа мавриди ғолибият” тарҳрезӣ намуда, имконияти бемаҳдуди пешакии мавриди “ғалаба” ба миён оварда, сипас пайваста онро тағйиру густариш медиҳанд. Ҳодисаҳо ва ҷалбнамоӣ чунон роҳандозӣ мегардад, ки на танҳо ҷавонон, балки падару модарон ба ин раванд боварӣ ва эътиқод пайдо менамоянд.Дар маҷмӯъ он даъватҳои бофтаву сохта ва сенарияҳо барои ҷалби зиёдтар ва бероҳа сохтани фардҳои ҷомеа равона мегарданд. Аз ин хотир, зиёд истифодабарии шабакаи Интернет бо доираи ақида ва нуктаи назари фарди ҷавон таъсиргузорӣ намуда, қабули ғояҳои дорои мафҳуму мундариҷаи гуногун, аз ҷумла ақидаи ифротгароӣ метавонад ба инсон хатари воқеӣ дошта бошад. Хусусан чунин фикр “нисбати он порталҳо ва сарчашмаҳои интернетӣ, ки бо мақсади ташвиқоту тарғиботи ақидаҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта таъсис дода шудаанд” дар мадди аввал аст.
Таҷрибаҳои коршиносони масоили сиёсӣ, бозгӯи он аст, ки дар мавриди муносибатҳо ва шароити муосир ғояҳои ифротгароии динию сиёсӣ асосан дар миёни ҷавонон паҳн карда мешаванд. Омилҳое, ки барои паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ мусоидат менамоянд, хеле зиёд ва гуногунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои таъсиррасони ин раванд, аз истифодаи шабакаи Интернет оғоз гардида муҳоҷират ва ташрифи ҷавонон ба кишварҳои хориҷа, махсусан ба Федератсияи Россия аввали васоити авҷгирии ин мариҳилаи вабои аср ба ҳисоб меравад. Ҷавонони дур аз Ватан бо шароитҳои иҳотагардидаи махсуси мақсадмандон бо дар назардошти беназоративу имкониятҳои васеъи қарордошта аз лиҳози таъсири ифротгароии динию сиёсӣ бештар осебпазир мебошанд. Дигар омили ҷалбгардидан ва мутеъи мақсадмандон гаштани насли ҷавони кишвар, таҳсили онҳо дар кишварҳои исломӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои молик ба ин раванди хатарзо мебошад. Сукунати шаҳрвандони тоҷиктабор ва дигар миллату халқиятҳои берун аз Ватан монда, дар он кишварҳо низ хавфи ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ пайвастани онҳоро зиёд менамояд. Дар шароити имрӯза рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфии бештар мерасонанд. Истифодабарии дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоми бошандагони ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.Омили дигар дар ин раванд интихоби арзишҳо ба ҳисоб меравад, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсиррасонӣ намуда, интихоби онҳоро дар самтҳои нодуруст равона менамояд, ки дар натиҷа онҳо ба “арзишҳои” бо ном исломӣ, сиёсӣ ва тундгаро афзалияти бештар медиҳанд.
Дар ин замина вобаста ба аҳамияти муборизаи оштинопазир бо гурӯҳҳои ифротгаро дар муқовимати шадиди идеологӣ ва таъмини амнияти идеологӣ дар шароити ба ҳамоии тамаддунҳо мо ба идеологияи ягонаи миллӣ ниёз дорем. Ин шакли ғоявии мубориза дар худ бояд нерӯи таҳкимбахшандаи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва офарандаи ниёзҳои тамоми қишрҳои ҷомеаро таҷассум намояд.Танҳо дар амалӣ намудани ҳамин шакли фаъолият мо метавонем дар асоси қонунҳои амалкунанда, бо ҳамбастагиҳо пайи рафъи камбудиҳо гардида, ҳаёти осуда ва шоистаро барои худ ва тамоми шаҳрвандон ба миён оварем.Ин қарз ва рисолати фарзандии мо барои имрӯз ва фардои дурахшони Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН
Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ