ГАВҲАРИ НУР АСТ, ИСТИҚЛОЛ

Хотираи талхи таърихи солҳои навадуми асри гузашта собитгари он аст, ки мо — пиру барнои кишвар бори дигар рӯзҳои сангину фоҷиабор ва таҳмилии барои миллат ва халқи кишвар пешомадаро бо ақли расо ва воқеияти том таҳлил намуда, аз он сабақ ва хулосагирӣ намоем. Набояд фаромӯш созем, ки солҳои навадум маҳз бо талошу заҳматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифз ва давлати тоҷикон аз ҳолатӣ нобудшавӣ раҳо ёфт.

Президенти маҳбуби кишвар дар як суханрониашон барҳақ чунин иброз намуданд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем». Ифоқаи сулҳи тоҷикон, ҳамчун  муҳимтарин тадбир ва таҷриба дар таърихи башарият мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбари давлат раванди буҳронӣ ва сиёсӣ боздошта шуда, барои инкишоф ва рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ ва мусоид фароҳам гардид. Ин тадбирҳо дар кӯтоҳтарин вақт оғози марҳилаи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеалогӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи бисёр муҳим пайдо намуда, риояи қонун ва фаъолият дар доираи Конститутсия муҳимтарин василаи инкишофи ҷамъият дар тамоми  равандҳо  гардид.

Дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдати пойдор корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ислоҳоти амиқи  иқтисодиву иҷтимоӣ  бомаром идома  ёфта, барномаҳои мушаххас оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар рӯйи даст гирифта шуданд.

Дар заминаи тадбир ва чораҳои зарурӣ амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ташаббуси наҷиб дар заминаи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Вобаста ба ин, бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ дар ноҳияи Ёвон як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, теъдоди зиёди иншооти банақшагирифташуда мавриди истифода қарор гирифтааст. Маркази ноҳия – шаҳраки Ёвон имрӯз ба шаҳрчаи тозаву озода ва  сабзу хуррам табдил ёфтааст. Дар ин ҷо боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо, касри фарҳанг, китобхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дилхушӣ, толорҳои варзиш ва даҳҳо иншооти муҳими хоҷагӣ дарҳои худро барои сокинон боз шуданд ва мардуми ноҳия аз он самаранок истифода менамоянд.

Мо — аҳли кормандони ҳокимияти судӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯ ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз минбаъд низ софдилона ва аз рӯйи виҷдон кору фаъолият менамоем.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, 

раиси суди ноҳияи Ёвон

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  06.09.2021,   №: 177