Эмомалӣ Раҳмон-Президенти сулҳовару сулҳпарвар!

Имрӯз, 16 ноябри соли 2021 дар Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд  чорабинии табрикотӣ баргузор гардид.

Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зимни сухани ифтитоҳиаш кормандонро бо ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Президент дар кишвари азизамон аз ҷониби сокинон ва ташкилоту муассисаҳо ҳамчун як ҷашни мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Таъкид гардид, ки тули қарнҳо рӯйдодҳои таърихӣ шахсият ва нобиғаҳоеро ба арсаи олам меоваранд, ки бо корнамоиву қаҳрамониҳои бемисл ва хизмати содиқонаашон ба Ватан азизу маҳбуби дилу дидаи мардум мегарданд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ замоне ба сари қудрат омад, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар авҷ буд. Нахуст, ӯ эҳтироми халқу миллатро ба ҷой овард, Ватанро бузургтарин ва муқаддастарин арзиш дониста, баҳри ҳифзу пойдории арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, таъмини амнияти кишвар, хушбахтии мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа саъю талошҳое намуд, ки дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик беназир аст. Агар қаҳрамониву шуҷоат, некукорӣ ва корнамоиву хизматҳои ин абармардро номбар кунем, олам – олам китоб мешавад, ки қалам дар навиштани он оҷизӣ мекашад.

Рӯзи Президент дар қатори дигар санаҳои таърихӣ барои мардуми кишвари мо аҳамияти хоса дорад. Чун ба вазъи кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори мушкилоти гуногунанд,  менигарем, рӯзҳои сангини бар сари мардуми мо ҳам омада, пеши назар ҷилвагар мегарданд. Вале мо мардуми хушбахту хушиқбол будем, ки бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон масъулияти идораи кишварро дар ин рӯзҳои бесомонӣ бар дӯш гирифта, ҷангу хунрезиро бар ивази ҷонбозиҳо хотима бахшиданд. Бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд.

Маҳз бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин бо салоҳияту заҳматҳои  босамари Президент ба даст омаданд, дар қонунгузории кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад.

Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин, муовини якуми раиси суд Иброҳимзода Шамсиддин, муовини раиси суд Ҳукуматзода Муҳаммад, судя Садирзода Рустам ва дигарон оид ба нақши Президенти мамлакат дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ҳокимияти судӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат суханронӣ намуданд.

Ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат ва ниҳоят расидан ба қадри ҷоннисориву заҳматҳои бедареғи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.