ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСИТОН БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ИДОНА ДОИР ГАРДИД
Имрӯз, 6 сентябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳои Суди Олӣ, инчунин раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Нахуст, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. зимни суханронии хеш судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳуриро бо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар шукуфоӣ ва рушди Ватани маҳбубамон орзуҳои нек иброз намуданд.
Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ мунтазам таҳкиму рушд ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа шароитҳои мусоид таъмин карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар бораи моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти таърихии Истиқлолият дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ, нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушду ташаккули ҳокимияти судӣ як қатор судяҳо маърӯзаҳо намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода таъкид кард, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаи неки мардуми шарафманди давлатамон роҳандозӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатӣ мутамаддину пешрафта муаррифӣ гардида, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми сазовор дорад.
Илова шуд, ки ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нақш ва мавқеи судҳои ҷумҳурӣ дар пешрафти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати давлат калидӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ барои комёбиҳои бузургашон дар фаъолияти меҳнатию хизматӣ, саҳми босазо гузоштан дар рушду пешрафти ҳокимияти судӣ судяҳои Суди Олӣ Усмонзода Тоҷиддин, Саидзода Марзия Файзалӣ, Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор, Аланазарзода Шароф, судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Фирӯза, судяи суди ноҳияи Сино Сафозода Амриддин Гул ва муовини сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олӣ Абдуҳамидзода Маҳбуба Абдуҳамид бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон медалҳои “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин , сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олӣ Абдуманонзода Гулчеҳра Абдуманон бо мукофоти давлатии Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳокимияти судӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии олии судяҳо ва кормандони судҳоро, ки вазифаҳояшонро бо риояву иҷрои ҳатмии қонунҳо ва масъулияти баланди касбӣ анҷом дода ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат менамоянд, идома хоҳад дошт.
Ғайр аз ин, ба муносибати иди Истиқлолияти давлатӣ ба як зумра судяҳо ва кормандони судҳои ҷумҳурӣ Ифтихорномаҳои Раиси Суди Олӣ тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши идона ба муносибати ҷашнгирии 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Манбаъ : аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ёвон 



















