ДАР СУДИ ОЛӢ МАШВАРАТИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 5 сентябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон ва судяҳои Суди Олӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олӣ муҳокима гардида, инчунин масъалаи омода намудани таклифу пешниҳодҳо вобаста ба такмили санадҳои қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд.

IMG_0856.JPG

Илова бар ин, дар кори ҷаласа дигар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани фаъолияти Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ва ҳайати Суди Олӣ мавриди муколама қарор гирифта, ҷиҳати тақвият бахшидан ба беҳтарсозии фаъолияти судҳо пешниҳодҳои дахлдор манзур карда шуданд.

IMG_0873.JPG IMG_0857.JPG

Дар натиҷаи машварати корӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

IMG_0862.JPG