ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

Имрӯзҳо, бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мулоқоту вохӯриҳои роҳбарият ва судяҳои Суди ноҳияи Ёвон бо сокинон, кормандони муассисаҳо ва хонадагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 11 феврали соли 2021 вохӯрии навбатӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи №1 ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси Суди ноҳия Абдуллозода Ҷ.А., муовини раиси суд Ҳукуматзода М.М., ёрдамчии раиси суд Ҳокимзода М.Қ. ва котиби суд Файзуллоев Х.Т. бо омӯзгорону хонандагон дар мавзӯҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», пешгирӣ аз омилҳои номатлуб ба мисли, ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуруҳҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои нашъамандӣ доир гардид.

Ҳамчунин ширкаткунандагони ҷаласа барои гузаронидани корҳои ободонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карда шуданд.