Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Санаи 23 феврали соли 2022 аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати Б.В.Х, 07 марти соли 1990 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 5 нафар фарзанд, мувақатан бекор, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Оби мукӣ, хонаи бе рақам, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 329 ва моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. санаи 04.02.2022 сол, тахминан соатҳои 20-30 дақиқа дар ошхонаи «Моҳир» воқеъ дар ноҳияи Ёвон як миқдор машруботи спиртиро истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба сари чамбараки автомашинаи шахсиаш тамғаи «Таёта-Кемри», рақами қайди давлатиаш 1990 ВА 01 нишаста, автомашинаи мазкурро дар Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон идора намудааст. Ин ҳолат аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвон полковники милитсия Фидозода М. ошкор карда шуда, аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвон автомашинаи ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. боздошт ва ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда ва минбаъд чораҷӯӣ намудан, ҳуҷҷатҳои ронандагиаш талаб карда шудааст. Аммо ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. талаботи қонунии сардори ШВКД дар ноҳияи Ёвонро бобати боз доштани воситаи нақлиёт рад намуда, аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳояш саркашӣ намуда, ҷойи ҳодисаро бо автомашинааш тарк намудааст.
Баъдан ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. аз ҷониби масъулини ШВКД дар ноҳияи Ёвон боздошт карда шуда, нисбаташ бо қисми 1 моддаи 329 ва моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, баёноти худиқрорӣ дода, аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш, боз бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколҳои муоинаи тиббӣ барои тасдиқ намудани далели ҳолати мастӣ аз 04.02.2022 сол, №№672, 47, ки мутобиқи он ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. дар санаи мазкур дар ҳолати мастии дараҷаи сабук аз шароб қарор доштааст ва дигар маводҳо ба пуррагӣ исбот гардидааст.
Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.В.Х. аз ҷониби суд, бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт ё саркашӣ кардан аз пешниҳод намудани ҳуҷҷат ё нақлиёт барои санҷиш ва бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ банду баст карда шудааст, зеро он дар мурофиаи судӣ тасдиқи пурраи худро ёфтааст.
Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Б.В.Х. ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 329 ва моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 51 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Б.В.Х. ҷазои ниҳоӣ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда шудааст.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон танҳо бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.