Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон санаи 5-уми сентябри соли 2025 бо шукргузорӣ аз ин Ватани маҳбуб ва зери сояи Ваҳдату Истиқлоли сартосарӣ ҷумҳурӣ бахшида ба ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон, аз ҷумла намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси ноҳия Икромиддин Вализода таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманди мамлакат, аз ҷумла сокинони ноҳия, на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки омили асосии сулҳу субот, бунёдкориву пешрафт мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлол ва роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуда, сиёсати хоси дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Дар вазъияти тантанавӣ як зумра фаъолони ноҳия аз ҷумла Раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон муҳтарам Камолзода Сайфиддин Исмон барои хизматҳои шоиста ва арзанда дар барқаррор намудани адолати судӣ ба Ифтихорномаи раиси ноҳия ва ҳамчунин бо Фармони Раиси ВООВ “БОЕВОЕ БРАТСТВО” дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов С. бо муносибати 80 солагии рӯзи Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941-1945 бо ордери хотиравӣ ва медал ба Раиси Суди ноҳия Камолзода Сайфиддин Исмон ва судяи суди ноҳияи Ёвон Мирзозода Манучеҳр сарфароз гардонида шуданд.

Суди ноҳияи Ёвон 