ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола санаи 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, ва имсол аз қабули ин номаи сарнавиштсоз 30-сол сипарӣ мешавад. Маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Ба шарофати қабул гардидани ин санади муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли муаммову мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ба ифтихори ин саннаи фархунда санаи 4 ноябри соли равон бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъоли ноҳия аз назди муҷассами ҳайкали Модар то назди Кохи фарҳанги ноҳия роҳпаймоии идона ташкил карда шуда дар он иштирокдорон бо як руҳияи болида ва шукргузори аз фазои сулҳу субот фаъолона ширкат варзиданд.
Сипас дар толори Кохи фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,кормандони соҳаи тандурустӣ ҷавонон ва занони фаъоли ноҳия баргузор карда шуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфта иброз доштанд, ки сӣ сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми сарбаланди тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Абдуллозода Ҷамолиддин — раиси суди ноҳияи Ёвон ва Пирзода Парвиз – прокурори ноҳияи Ёвон суханронӣ намуда, вобаста ба моҳияти ин санади сарнавиштсоз ибрози ақида намуданд.
Инчунин ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони касбу кори гуногун ва ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии омода намудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия зери унвони “Бахти миллат” омода ва манзури тамошобинон карда шуд.