БОЗДИДИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ АЗ ОСОРХОНА ВА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо дар баробари меҳмонон аз хориҷи кишвар, инчунин, роҳбарону кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид менамоянд. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамроҳ бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз маконҳои мазкур дидан намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат барои устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳнамои арзанда мебошад.

Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат (ифтитоҳ — 21.12.2022) бошад осорҳои Президенти кишвар ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корнамоиҳои Пешвои миллатро инъикос менамояд, ҷамъоварӣ шудаанд.