Боз надоштани воситаи нақлиёт боиси таъини ҷазои ҷарима гардид

Санаи 11 январи соли 2022 аз ҷониби раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда К.Ф.А, 11 сентябри соли 1996 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ  миёнаи махсус, оиладор соҳиби 3 нафар фарзанд, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, кӯчаи А.Ҷомӣ, хонаи №2, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби суд муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда К.Ф.А. дар таърихи 22 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 17:18 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш 14 26 VК 03, дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ ба чубдаст ва хуштаки корманди БДА ШВКД дар ноҳияи Ёвон итоат накарда ҳаракатро давом додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони БДА воситаи нақлиёти ӯ боздошт гардидааст.

Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда К.Ф.А. аз ҷониби суд бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, банду баст карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда К.Ф.А. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда К.Ф.А. ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.

Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.