Боз надоштани воситаи нақлиёт боиси таъини ҷазои ҷарима гардид

Санаи 28 июни соли 2021 аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ нисбати Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич, 20 марти соли 1989 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ узбек, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ  миёнаи махсус, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти-Нав, деҳаи А.Навоӣ, хонаи берақам, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи  329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда  Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич, санаи 22 апрели соли 2021, тахминан соатҳои 12:13 дақиқа бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 32 27 НН 03, дар роҳи мошингарди ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик ҳаракат намуда, ба ишораи чубдаст ва ҳуштаки корманди БДА бобати боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда, ҳаракатро давом додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони БДА воситаи нақлиёти ӯ боздошт гардидааст.

Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич аз ҷониби суд бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт, банду баст карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич  дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Иброҳимов Акбута Раҷабалиевичро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш боз бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар маводҳои парванда, тасдиқ намуд.

Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқайронкунанда Иброҳимов Акбута Раҷабалиевич ба инобат гирифта шуда, ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1 моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 4 (чор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 240 (дусаду чил) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.

 

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.