БЕЭҲТИЁТӢ БОИСИ ФАЛОКАТ

Дар маҷлиси ошкорои судии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон муйян карда шудааст, ки судшаванда Қараев Н.Б. санаи 30 августи соли 2020, соатҳои 12-00 дақиқа воситаи нақлиёташро тамғаи «ДЭУ—Сиелло», аломати қайди давлатиаш 35-32 ВА 03, ки дар асоси шаҳодатномаи бақайдгирӣ таҳти силсилаи АА 0711429 аз 25.02.2019 сол, идора менамуд, аз самти маркази шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо роҳи мошингарди Ёвон — Ҷомӣ бо суръати 58 км/соат ба самти деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон ҳаракат менамудааст.

Ҳангоми расидан дар роҳи мошингарди ҳудуди Ҷамоати деҳоти Г.Юсуповаи ноҳияи Ёвон худбоварӣ зоҳир намуда, бархилофи талаботи бандҳои 130, 131 ва 132 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №323 аз 29.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, амал намуда, назорати доимиро аз болои суръати ҳаракати автомобилаш таъмин накарда, ҳангоми идораи он бепарвоӣ намуда, талаботи банди 130 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, шароити роҳ ва дидашавандагии самти ҳаракаташро ба инобат нагирифта, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагард Саидова Шаҳрбону Абдуллоевна, 09.08.2001 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Прачасой, ки аз самти рости роҳ ба самти чапи роҳ мегузаштааст, бо қисми пеши воситаи нақлиёташ зада ба замин афтонидааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бистарӣ гаштааст.

Мувофиқи хулосаи коршиноси Маркази экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Хатлон аз 14.09.2020 сол, таҳти №76, пиёдагард Саидова Шаҳрбону Абдуллоевна, 09.08.2001 соли таваллудаш, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин бардоштааст.

Ҳамчунин, мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-автотехникии ШТ(Э)К РВКД дар вилояти Хатлон аз 16.09.2020 сол, таҳти №253, ронандаи воситаи нақлиёташро тамғаи «ДЭУ—Сиелло», аломати қайди давлатиаш 35-32 ВА 03 -судшаванда Қараев Н.Б. талаботҳои бандҳои 130, 131 ва 132 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №323 аз 29.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, вайрон намуда, ҳангоми риояи он ӯ имконияти пешгирӣ намудани ҳодисаи роҳу нақлиётии мазкурро доштааст.

Судшаванда Қараев Н.Б. бо ин кирдори беэҳтиётонаи худ ҷинояти аз ҷониби идоракунандаи автомобил вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷиикистон ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз боиси марги инсон гаштаро содир намудааст.

Дар натиҷа дар асоси ҳукми Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 16.11.2020 сол Қараев Н.Б. дар содир намудани ҷиноят бо қисми 2 моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон сукунат ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шудааст.

 

Абдуллозода Ҷ.А.
Раиси суди ноҳияи Ёвон