БЕ ИҶОЗАТНОМА МАШҒУЛ ШУДАН БА ТАЪМИРИ АВТОМАШИНАҲО

Санаи 28 апрели соли 2021 аз ҷониби муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Иброҳимзода Ш.С. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Тангибердиев Камоллидин Маматаҳирович, 14 октябри соли 1986 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ узбек, шаҳрвандаи Ҷумшурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 5 нафар фарзанд, муваққатан бекор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар хонаи берақам, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 2 моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби суд муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Тангибердиев Камоллидин Маматаҳирович, санаи 17 апрели соли 2021, соати 11:20 дақиқа ба иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд машғул шуда, бе иҷозатномаи дахлдор ба фаъолияти таъмири воситаҳои нақлиёт машғул шудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ин ҳолат аз тарафи мудири Бахши н.Ёвони РХДНВАТ дар минтақаи Бохтар ошкор карда шуда шудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда Тангибердиев Камоллидин Маматаҳирович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, нишондоди худиқрорӣ додааст.
Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Тангибердиев Камоллидин Маматаҳирович дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш, ҳамчунин бо маводҳои парванда, аз қабили протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти №0055464 аз 17 апрели соли 2021 ва ғайраҳо пурра тасдиқи худро ёфт.
Cуд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Тангибердиев Камоллидин Маматаҳировичро бо қисми 2 моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст карда шудааст.
Ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Тангибердиев Камоллидин Маматаҳировичро ба инобат гирифта, нисбати ӯ бо қисми 2 моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 600 (шашсад) сомонӣ ба фойдаи давлат, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъин карда шудааст.
- Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.